Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FH: "Баҳори араб" намунаи мубориза бо низоми худкома аст


Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House ё Хонаи Озодӣ гузориши солонаи худ “Озодӣ дар ҷаҳон”-ро нашр кард, ки дар он сатҳи озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар кишварҳои гуногун дар соли 2011 арзёбӣ шудааст.

Натиҷагирии аслии коршиносони созмон ин аст, ки ҳаводиси “баҳори араб” - намунаи муборизаи мардуми кишварҳои худкома барои озодиҳои сиёсӣ гардид. Дар ин гузориш тағйири низом дар Тунис, Миср ва Либия дар як қатор бо фурӯпошии Итиҳоди Шӯравӣ гузошта шудааст.

Freedom House 87 кишварро “озод” номидааст. Дар гузориш омадааст, ки соли гузашта дар чанд кишвар, аз ҷумла, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Баҳрайн, Сурия ва Маҷористон вазъи озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ бадтар шудааст.
XS
SM
MD
LG