Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон имрӯз нармтар мешавад


Осмон дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон абрӣ ва нимаабрӣ буда, бо вуҷуди он ки борише дар назар нест, ҳаво имрӯз аз дирӯза дида нармтар мешавад. Сардии ҳаво дар кӯҳдоманҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ба ҳисоби миёна байни 3-5 ва танҳо дар баъзе мавридҳо ба 6-8 дараҷаи манфии селсия расида, дар ҳамвориҳо ҳарорат байни 1 то 5 дараҷаи мусбат хоҳад буд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Зарафшон рӯзона то 10 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 13 дараҷа хунук мешавад. Дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Кӯлоб ҳаво аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG