Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаи Тоҷикистон дар "Монако" бозӣ хоҳад кард


Ҳимоятгари дастаи футбол “Вердера”-и Олмон Андреас Волф, ки зодаи Тоҷикистон аст, дар ҳоли муваффақияти гуфтушунидҳо ба дастаи машҳури “Монако” хоҳад пайваст. Дар ҳамаи хабарҳои марбут ба ин гузариш зодаи Тоҷикистон будани футболбози 29-сола таъкид мешавад. Олмонитаборони Тоҷикистон дар гузашта яке аз ҳуҷумкунандагони машҳур Эдгар Гесcро ба фyтболи тоҷик тақдим кардаанд, ки акнун дар Олмон ба сар мебарад ва мураббии яке аз дастаҳои маҳаллист.
XS
SM
MD
LG