Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи ҷумъа гуфт, ҳамлаи низомӣ ба Эрон мошини ҷангу нооромиро дар Ховари Миёна ба ҳаракат хоҳад даровард. Вай гуфт:
“Иҷоза диҳед ду нуқтаи назари худро бо шумо дар миён гузорам. Аввал, мудохилаи низомӣ мушкилро ҳал намекунад, балки сабаби ҷангу нооромӣ дар Ховари Миёна ва шояд бештар аз он мешавад. Ҳама корро бояд кард, то аз мудохилаи низомӣ пешгирӣ шавад”.
Саркозӣ ин нуктаро дар Порис ба дипломатҳо изҳор дошт. Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе таҳримҳои нави ин иттиҳодияро бар зидди Эрон баррасӣ мекунанд.