Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Эрон дар бораи куштори донишманди атомиаш


Эрон иддао дорад, маълумоте, ки Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаии вобаста ба СММ ифшо кардааст, гӯё барои куштори донишманди риштаи атомии Эрон истифода шудааст. 11 январи соли ҷорӣ Мустафо Аҳмадӣ Рӯшан дар Теҳрон ҳангоми инфиҷори баме, ки ба дари мошинаш часпонда шуда буд, ба қатл расид. Исҳоқ Ҳабиб-муовини намояндаи Эрон дар СММ гуфт, “хеле шубҳаовар аст”, маълумоте, ки ниҳодҳои СММ ба даст оварда буданд, барои ин сӯиқасд истифода шудааст. Мартин Несирки-сухангӯи СММ мегӯяд, вай ба ин иддао расидагӣ мекунад. Эрон барои ин куштор Амрико ва Исроилро гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG