Созмони Милали Муттаҳид аз бозмондани қаторҳо бо кӯмаки башарӣ барои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ кард.
Ба иттилои хабаргузориии Азия Плюс, Александр Зуев, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки бар асари қатъ шудани ҳаракати қаторҳо дар қитъаи Амузанг-Хатлон 23 қатор бо ёрии башарӣ, аз ҷумла, ёрии башарии Барномаи ҷаҳонии озуқа, ба Тоҷикистон нарасидаанд.
Тирамоҳи соли гузашта ширкати роҳи оҳани Узбакистон хабар дод, ки бар асари як ҳамлаи террористӣ дар вилояти Сурхондарё ва тахриби як пул ҳаракати қатораҳо ба манотиқи ҷанубии Тоҷикистон ғайримумкин шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон қатъи ҳаракати қаторҳоро чун муҳосираи иқтисодии кишвар аз сӯи Ӯзбакистон арзёбӣ кардаанд.
Александ Зуев афзуд, ки аз бозмондани қаторҳо бо ёрии башарӣ дар қаламрави Ӯзбакистон раҳбарияти СММ дар Ню-Йоркро дар ҷараён гузоштааст.