Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар дар ҳамлае дар фурудгоҳи Қандаҳор


Бар асари таркиши маргталабона дар назди дарвозаи пойгоҳии низомии воқеъ дар фурудгоҳи шаҳри Қандаҳори Афғонистон дасти кам 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои полис, ҳама қурбониёни ҳодиса – сокинони осоиштаанд. Гуфта мешавад, ки маргталаб мехост, ки ба пойгоҳи низомӣ ворид шавад ва аммо ин муяссараш нашуд ва худро тарконд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Намояндаи ин ҷунбиш гуфт, ҳадафи ҳамла низомиёни хориҷии мустақар дар фурудгоҳи Қандаҳор буданд.
XS
SM
MD
LG