Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додоҷони Атовуллоҳ: Ҳамла ба ман фармоиши сиёсист


Хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовуллоҳ, ки ҳафтаи гузашта дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва ду зарби корд хӯрд, дар мусоҳиба бо нашрияи «Новая газета» сӯъиқасд ба ҷонашро ба мухолифати худ бо ҳукумати кунунии Тоҷикистон рабт дода, гуфтааст, баъди як сол ин кишвар интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ дорад ва «мақомот барои хунсо кардани мухолифин тамоми корро мекунанд.» Ӯ гуфтааст, ин ҳамла «бидуни шак» фармоиши сиёсӣ буд.
Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва ҷунбиши «Ватандор» шаби 12 январ дар назди манзилаш дар Маскав дучори ҳамла шуд ва феълан баъди ҷарроҳӣ дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и пойтахти Русия таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. Додоҷони Атовуллоҳи 56-сола аз мунтақидони тунди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG