Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни рус мақоми иштирокчии ҷанг гирифтанд


Низомиёни Русия, ки дар амалиёти низомӣ дар Тоҷикистон ширкат кардаанд, ба таври расмӣ мақоми иштирокчии ҷангро гирифтанд. Ин мақом ба онҳо баъзе имтиёзҳо медиҳад. Ин қонун дар Русия аз аввали моҳи январи соли 2012 эътибор пайдо кардааст ва ононе, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон хидмат кардаанд, иштирокчии ҷанг дониста мешаванд. Ба ин гурӯҳи низомиён ононе дохил мешаванд, ки дар солҳои 1992-1997 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хидмат кардаанд.
XS
SM
MD
LG