Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии калонтарин Қуръони ҷаҳон дар Кобул


Хушнависони афғон нусхае аз Қуръонро саҳҳофӣ карданд, ки бузургтарин Қуръон дар ҷаҳон шумурда мешавад.

Бино бар хабари Маркази фарҳангии Кобул вазорати ҳаҷ ва авқофи Афғонистон ин китобро бузургтарин нусхаи Қуръон дар ҷаҳон эълон кард. Муаррифии ин китоб дар Китобхонаи Ҳаким Носири Хисрави Балхӣ дар Кобул баргузор шуд.

Барои таҳия ва нашри ин нусхаи китоби муқаддаси мусулмонон 5 сол ва наздик ба ним миллион доллар сарф шудааст. Китоб 500 кило вазн дорад ва тӯли сафҳаҳои он 2,28 метар буда, бари сафҳаҳо 1,55 метрро ташкил медиҳад.

Китобро 9 хушнавис таҳти сарварии хаттоти машҳур Муҳаммад Собири Хизрӣ китобат карда ва ороиш додаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00
Линки мустақим



Хабаргузории Ройтерз менависад, то ҳол бузургтарин Қуръонро Тотористон сохта буд, ки андозааш 2 метр ба 1,5 метрро ташкил медод. Ин китоб соли гузашта дар Қазон муаррифӣ шуда буд ва ҳамоно ба ҳайси вазнинтарин китоби Қуръон (800 килограм) боқӣ мондааст.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG