Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳ дар қиболи сарвазири Покистон


Гелонӣ
Гелонӣ
Додгоҳи олии Покистон сарвазир Юсуфризо Гелониро дар сӯъиэҳтиром ба иҷрои қарораш ҷиҳати оғози таҳқиқот дар қиболи мавридҳои фасоди раисиҷумҳур муҷрим шинохт. Ҳукми додгоҳ ба маъноест, ки Гелонӣ шояд маҳкум шавад ва ин ба навбаи худ заминаи истеъфоибаъдии ӯ аз раҳбарии кобинаро фароҳам хоҳад сохт. Ба Гелонӣ амр шудааст, ки рӯзи панҷшанбе ба додгоҳ ҳозир шуда, тавзеҳ диҳад, ки чаро қарори додгоҳро иҷро накардааст? Додгоҳ хостори ифтитоҳи дубораи парвандаи аз солҳои 90 бозмондаи фасод алайҳи Осифалӣ Зардорӣ шудааст. Аммо ҳукумат инро радд карда гуфт, Зардорӣ ба ҳайси раисиҷумҳур таҳти масуният қарор дорад.
Ҳукми имрӯза дар ҳолест, ки таниши байни ҳукумати мулкӣ ва низомиҳои пурнуфузи Покистон торафт шадидтар мешавад.
XS
SM
MD
LG