Эрон гуфт, паёми Амрико дар мавриди гулӯгоҳи Ҳурмуз, як роҳи аслии интиқоли нафт дар Халиҷи Форсро дарёфт кардааст. Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, кишвараш ин паёмро меомӯзад ва “агар лозим шавад, посух хоҳад дод.” Доир ба мӯҳтавои паём чизе гуфта нашудааст. Рӯзи ҷумъа рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” гузориш дода буд, ки Амрико ба Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон аз паёмадҳои бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳушдор додааст. Мақомоти Эрон гуфтаанд, дар сурати ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон ё эъмоли таҳримоти сахт алайҳи барномаҳои ҳастаии он гулӯгоҳи Ҳурмузро мебанданд, ки аз тариқи он сеяки нафти бозорҳои ҷаҳонӣ убур мекунад.