Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як заминларзаи мудҳиш дар Индонезӣ


Шоми рӯзи сешанбе дар соҳилҳои вилояти Ачехи Индонезӣ заминларзаи нерӯяш баробар ба 7 дараҷаи ҷадвали Рихтер рӯй дод. Дар бораи осебдидагон ва харобиҳои ин офати табиӣ алҳол иттилоъ нарасидааст. Мақомот дар бораи имкони сунамӣ ҳушдор дода ва аммо баътарн онро бекор намуданд.

Охирҳои соли 2004 дар ин минтақа заминларзаи мудҳиш ба вуқӯъ пайваст, ки сунамии бесобиқа дар уқёнуси Оромро ба думбол дошт. Бар асари он заминларза ва сунамӣ дар кишварҳои соҳили уқёнус, аз ҷумла, дар Индонезӣ 230 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG