Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад: Силоҳбадастонро таҳаммул нахоҳем кард


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад имрӯз дар Димишқ нирӯҳои хориҷиро дар талоши тахриби суботи кишвараш айбдор кард ва гуфт, “террористҳоро бо мушти оҳанин кӯфта”, тартиботро барқарор хоҳанд кард.Асад судури фармони куштани эътирозгаронро радд кард: “Дар ягон сатҳи давлатӣ дар кишвар ба тирандозӣ болои ягон нафари мулкӣ фармон нашудааст.” Ӯ афзуд, “террористҳо ва онҳоеро, ки даст ба силоҳ мебаранд, таҳаммул нахоҳанд кард.” Ӯ афзуд, тарҳи нави Қонуни асосӣ дар моҳи март дар маърази раъйгирӣ ба раъйгирӣ гузошта шуда, ба дунболаш интихоботи саросарӣ доир мешавад, вале бо вуҷуди талаби мухолифин, ӯ худ истеъфо нахоҳад дод. Асад гуфт, дар паси ошӯбҳои Сурия “тавтиаи хориҷӣ” истодааст, вале ин тавтиа ноком мешавад, чунки “касе дигар фиреб намехӯрад.” Асад нақшаи сулҳи Лигаи Арабро низ ноком номид. Ба ҳисоби СММ, тайи 10 моҳи ошӯбҳо дар Сурия беш аз 5000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG