Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 зиёратгар дар пойтахти Ироқ


Бар асари таркиши ду мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар шаҳри Бағдод дасти кам 14 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, зоироне, ки шоми дирӯз азми сафар ба шаҳри муқаддаси шиаҳо Карбалоро доштанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Аз таркиши мошин дар маҳаллаи шианишини Ал-Шуоб шаш нафар, аз ҷумла, як корманди полис ба ҳалокат расиданд. Мошини дуюм дар маҳаллаи Мувасалат инфиҷор шуд.

Аз ин пештар бар асари таркише дар канори пойтахти Ироқ ду нафаре, ки низ сӯи Карбало мерафтанд, ба ҳалокат расиданд. Ҳафтаи ахир бар асари силсилаи таркишҳо беш аз 90 нафар, асосан шиамазҳабҳои ироқӣ, ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG