Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия ба шавҳари Тимошенко паноҳандагии сиёсӣ дод


Олександр Тимошенко, шавҳари Юлия Тимошенко дар паси сари ҳамсараш. Акси соли 2010.
Олександр Тимошенко, шавҳари Юлия Тимошенко дар паси сари ҳамсараш. Акси соли 2010.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Чех, Павел Новак гуфт, кишвараш ба шавҳари сарвазири пешин ва маҳбуси Украина, Юлия Тимошенко, паноҳгоҳи сиёсӣ додааст. Матбуоти чех хабар дода буд, ки Олександр Тимошенко, соҳибкори 51-сола, ки бо Ҷумҳурии Чех низ ҳамкорӣ мекунад, дар охири соли гузашта аз ин кишвар паноҳандагӣ дархост намудааст. Юлия Тимошенко, яке аз пешвоёни Инқилоби норанҷии соли 2004-и Украина моҳи октябри соли гузашта бо иттиҳоми суистифода аз мансаб ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Мухолифони украин ва кишварҳои Ғарб ин ҳукмро сиёсӣ номида, танқид кардаанд.
XS
SM
MD
LG