Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон қазияи марзбонҳои эрониро дар додгоҳ матраҳ мекунад


Як мақоми покистонӣ гуфт, се муҳофизи эронӣ, ки дар Кветта боздошт шуданд, барои куштори инсон дар хоки Покистон, ки бо як ҳодисаи таъқиби қочоқчиён бастагӣ мегирад, муттаҳам мешаванд. Саид Ҷамолӣ, муовини раиси комиссиюни давлатӣ мегӯяд, ки қазияи муҳофизони эронӣ ба додгоҳ ироа мешавад ва ҳанӯз таърихи мурофиа маълум нест. Эрон иддао дорад, ки ин се нафар ба таври тасодуфӣ, на барқасдона вориди хоки Покистон шуда аз Исломобод дархост дорад, ки онҳоро озод кунад. Ҳодиса рӯзи якшанбе дар вилояти Балуҷистон дар маҳалле рух дод, ки хати марз дар он мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG