Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ду мушаки дурбурд озмоиш мекунад


Як фармондеҳи артиши Эрон мегӯяд, ки имрӯз дар размоиши нерӯҳои баҳрии кишвар дар Халиҷи Форс, ду мушаки дурбурд озмоиш хоҳанд кард. Маҳмуд Мӯсавӣ, муовини нерӯҳои баҳрии Эрон, дар ин бора дар сӯҳбат бо телевизиони давлаитӣ сухан гуфт. Як рӯз пеш аз ин мақомоти эронӣ гуфтанд, ки дар тавлиди сӯхти ҳастаӣ ба пешрафти чашмгир ноил шуданд ва ҳам мушакеро, озмоиш карданд, дар радарҳо намоён намешавад. Расонаҳои Эрон мегӯянд, мутахассисони кишвар милаҳои сӯхти атомиро тавлид кардаанд, ки барои нерӯгоҳҳои атомӣ истифода мешаванд. Ба гуфтаи як мақоми дигари сипоҳи баҳрии Эрон, дар машқҳои низомии даҳрӯза дар Халиҷи Форс ҳамчунин мушаки пешрафтаи миёнабурди замин ба ҳаворо озмуданд, ки дар радарҳо намоён намешавад. Размоишҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз доир мешаванд, ки сеяки нафти бозорҳои ҷаҳонӣ аз тариқи он мегузарад.
XS
SM
MD
LG