Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Муборак дубора шурӯъ шуд


Дар Қоҳира, баъд аз танаффуси тақрибан семоҳа, мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак аз сар гирифта шуд. Бозрасӣ баъд аз он мутафаққиф шуд, ки вакилони дифоъи Муборак талаб намуданд то додрас Аҳмад Рифъат иваз карда шавад. Ин дархост рӯзи 7 декабр рад карда шуд.

То бинои додгоҳ Ҳусни Муборакро дар мошини тиббӣ оварданд ва баъдан ӯро бо ароба ба толор бурданд. Раисиҷумҳури собиқ ба бемории дил гирифтор аст ва тамоми ин муддат дар бемористони низомӣ таҳти назорати табибон қарор дошт.

Барои таъмини тартибот дар атрофи додгоҳ беш аз панҷ ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд.

Ҳуснӣ Муборак дар даст доштан дар ҳалокати тақрибан 850 нафар замони эътирозҳои оммавӣ дар моҳи феврали соли равон ва ҳамчунин фасод айбдор мешавад. Агар ин иттиҳом тайид шавад, ба раҳбари пешини Миср ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Ҳамроҳ бо Муборак писаронаш Ало ва Ҷамол, собиқ вазири умури дохилӣ Ҳабиб ал-Адлӣ ва шаш раҳбари хадамоти амниятӣ низ ба додгоҳ кашида шудаанд.
XS
SM
MD
LG