Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ролкан" акнун ҳавопаймоҳояшро талаб дорад


Ғулом Бобоев
Ғулом Бобоев
Ширкати ҳавопаймоии “Ролкан” ба додгоҳи вилояти Хатлон аз ҳукми мусодираи ду ҳавопаймояш шикоят бурдааст. Ғулом Бобоев, вакили ширкат гуфтааст, ки мақомоти “Ролкан” мусодираи ҳавопаймоҳояшро ғайриқонунӣ медонад. Ду ҳавопаймои борбари навъи АН-72-и ин ширкат ҳанӯз моҳи март дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа мусодира шуда буд. Додгоҳи ин шаҳр дар моҳи ноябр халабонҳои “Ролкан” Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки боиси як таниши тунде байни Маскаву Душанбе шуд. Таҳти чунин фишор, додгоҳи вилояти Хатлон баъди ду ҳафта ҳарду халабонро раҳо кард.
XS
SM
MD
LG