Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ролкан даъво дорад: “Ҳавопаймоҳои моро бозгардонед”


Ширкати “Ролкан” даъво дорад, ки ҷониби Тоҷикистон бояд ду ҳавопаймои марбут ба ин ширкатро баргардонад.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду ҳавопаймои Ан-72 ва як муҳаррике, ки ба ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” тааллуқ дошт, моҳи ноябри соли ҷорӣ дар пайи ҳукми зиндони ду халабони ин ширкат ба нафъи Тоҷикистон мусодира кард.

Ин ҳавопаймоҳое буданд, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо он аз Кобул ба сӯи Тоҷикистон парвоз карда ва дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа поин омаданд. Ду ҳавопаймои Ан-72 то ҳол дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешаванд.

Ғулом Бобоев, вакили мудофеъ, ки дар гузашта аз ҳуқуқи Садовничий ва Руденко дар додгоҳ ҳимоят кардааст, гуфт, нусхаи даъвои ширкати "Ролкан"-ро Сергей Полуянов ба ӯ фиристодааст, то онро дар ихтиёри Додгоҳи вилояти Хатлон бигузорад. Ба қавли ҷаноби Бобоев, ширкати “Ролкан” қарори додгоҳи Қӯрғонтеппа дар мавриди мусодираи ин ду ҳавопайморо ғайриқонунӣ мешуморад.

Ғулом Бобоев
Ғулом Бобоев
Дар нусхаи даъвои "Ролкан" гуфта шудааст, ки “ширкати мо бар зидди ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ҳавопаймоҳо ягон кори ғайри қобули қабуле накардааст ва бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ наметавонанд мусодира бишаванд.”

Аммо масъулони Додгоҳи вилояти Хатлон гуфтаанд, то ҳанӯз шикоятеро ба ин маънӣ аз сӯи ширкати русии "Ролкан Инвестмент" дастрас накардаанд.

Рӯзи ҳаштуми ноябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати русӣ Садовничий ва Руденкоро ба даҳуним соли зиндон маҳкум кард, аммо гуфт, бар асоси Қонуни афв ду сол аз ҳукми онҳоро кам кардааст. Бо ин ҳол, ҳукми додгоҳ вокунишҳои тундеро дар Русия ба бор овард ва дар пайи он даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави шаҳри Маскав боздошт ва як идда аз онҳо барои нақзи қоидаҳои буду бош аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуданд.

Ин буд, ки додситонии Хатлон аз ҳукми зиндони ду халабони ширкати русии "Ролкан" эътироз кард ва бозбинии парвандаро тақозо намуд. Дар пайи бозбинии парванда (рӯзи 22 ноябр) Додгоҳи вилояти Хатлон Садовничий ва Руденкоро ба ду солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард, вале бо назардошти Қонуни афв ва он мӯҳлате, ки дар боздошт ба сар бурдаанд, онҳоро раҳо намуд.

Аммо дар бозбинии парвандаи халабонҳо мавзӯи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" матраҳ набуд ва дар ин замина ҳарфе ҳам гуфта нашуд. Баръакс, мақомоти Тоҷикистон раҳбари ширкати Ролкан Сергей Полуяновро мавриди пайгарди қонунӣ қарор дода ва гуфтанд, ки дар сурати боздошт ӯ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Ҳамакнун бо шикояти Сергей Полуянов, раҳбари ширкати "Ролкан" дар мавриди бозгардонии ду ҳавопаймои Ан-72 рӯшан нест, ки ин қазия дигарбора ба сари Тоҷикистон чӣ хоҳад овард.

Дар навори зер: Чаро халабонҳо фирор карданд?

Чаро халабонҳо аз Кобул фирор карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:41 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG