Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садовничий: "Хушҳолам, ки ба озодӣ баромадам"


Владимир Садовничий пас аз раҳоӣ аз толори додгоҳи Хатлон фарзандашро ба оғӯш мегирад...
Владимир Садовничий пас аз раҳоӣ аз толори додгоҳи Хатлон фарзандашро ба оғӯш мегирад...

Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони ширкати русӣ аз толори додгоҳ озод шуданд.

Ҳайати машваратии додгоҳи вилояти Хатлон, ки бозбинии парвандаи ду халабонро бар ӯҳда дошт, эътирози додситонӣ дар мавриди афви Садовничий ва Руденкоро пазируфт, вале аз шикояти маҳкумшудаҳо сарфи назар кард. Ду халабони маҳкумшуда аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро аз толори додгоҳ озод ва ҳамчунин "сафед" кунанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ба 2 солу шаш моҳу 10 рӯзи зиндон маҳкум шуда, аммо бар асоси қонуни афви Тоҷикистон ба озодӣ баромаданд.

Намояндагони додситонии вилояти Хатлон
Намояндагони додситонии вилояти Хатлон
Қабл аз ин, Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро ниҳоят сангин хонда ва аз Коллегияи додгоҳи вилояти Хатлон талаб карда буд, ки ин ҳукмро нармтар кунад.

Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия, пас аз он ки аз толори додгоҳ озод шуд, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки ҳарчанд додгоҳ ӯ ва Руденкоро муҷрим шинохт, аммо аз ин ки ниҳоят ба озодӣ расидааст, хушҳол мебошад. Аммо Садовничий гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба таъмини амнияти худ, тасмимириҳои минбаъдаашро танҳо пас аз бозгашт ба Маскав эълон хоҳад кард. Владимир Садовничий дар ин сӯҳбати худ ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳам ишора кард:

“Фикр мекунам, ин кори хеле нодуруст аст. Набояд ҳама сиёсатмадорони рус ба қазияи мо мудохила мекарданд. Бояд гуфтушуниди мусолиматомез бо мақомоти Тоҷикистон анҷом мешуд. Аммо одамони тамоман бегуноҳ набояд қурбони қазияи мо мешуданд. Ин муҳоҷирон на аз рӯйи ҳавову ҳавас, балки танҳо барои таъмини хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Ва ин ки ҳоло муҳоҷирони тоҷикро аз он ҷо депортатсия мекунанд, ҳеҷ пайомади хуб надорад. Агар ин амалҳо ҳадафмандона анҷом мешаванд, бояд қатъ карда шаванд...”

Ин шаҳрванди Русия дар робита ба ин ки барои "сафед" шудани худ талош хоҳад кард ва ё на, гуфт, ба ин савол танҳо пас аз расидан ба кишвари худ посух хоҳад кард. Садовничий афзуд, баъди мусодираи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ӯ ва ҳамроҳаш Алексей Руденко амалан бе ҷои кор мондаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Русия дар нахустин вокуниш, аз раҳоии ин ду халабон истиқбол намуда онро як "муваффақияти бузург" хондааст. Дмитрий Кабаев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон низ ҳукми додгоҳи вилояти Хатлонро нисбати ду халабони як ширкати русӣ мусбат арзёбӣ кард. Дмитрий Кабаев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, низ ҳукми додгоҳи вилояти Хатлонро нисбат ба халабонҳои ширкати хориҷӣ мусбат арзёбӣ кард.

Вай афзуд: “Талош хоҳем кард, ки ба зудтарин фурсат, шояд рӯзи оянда Владимир Садовничий ба Русия фиристода шавад. Ҳукми додгоҳи Хатлон айбдоркунанда буд ва айни ҳол онро пурра арзёбӣ кардан мушкил аст, аммо муҳимтар аз ҳама озодии ин ду халабон аст, ки моро қаноатманд бар ҷой гузошт».

Се додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ки бозбинии парвандаи Садовничий ва Руденкоро бар дӯш доштанд...
Се додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ки бозбинии парвандаи Садовничий ва Руденкоро бар дӯш доштанд...
Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, мегӯяд, барои озодии халабонҳо -- Садовничий ва Руденко аз “эҳсоси башардӯстона” кор гирифта шудааст. Вале ӯ афзуд, тафтиши фаъолияти ширкати “Ролкан” ва ҳамин таври раҳбари он Сергей Полуянов идома меёбад.

“Ширкати “Ролкан” дар ҷазоири Вирҷинияи Бритониё ба қайд гирифта шуда, фаъолияташ барои мо ношаффоф аст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти федеролии амнияти Русия ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятии ширкати ҳавопаймоии “Ролкан инвестмент ЛТД” ва роҳбари он Полуянов Сергей Андреевич ҳолатҳои ҳамиштирокии Полуянов ва мавқеи ширкати мазкурро мавриди тафтиш қарор медиҳанд. Бо назардошти тасдиқи гуноҳи Полуянов масъалаи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ба миён гузошта мешавад”.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, ҳукми айбдоркунандагии Садовничий ва Руденко “парвандаи Полуянов”-ро “мустаҳкамтар” кардааст. Яъне аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ, дар ҳоле ки халабонҳои ин ширкат ба муҷозот кашида шуданд, мақомоти Тоҷикистон асоси бештаре барои таҳқиқи парвандаи Полуянову ширкати “Ролкан” ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯро пайдо мекунанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Дар шикояти кассатсионии ду халабон низ дар ин бора ишорае нарафтааст ва, амалан, ин ҳавопаймоҳоро давлати Тоҷикистон ихтиёрдорӣ хоҳад кард.

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳаштуми ноябр ин ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним солии зиндон маҳкум кард. Бино ба қарори додгоҳ, ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан", ки Садовничий ва Руденко бо он ба Тоҷикистон фуруд омадаанд, ба фоидаи давлати ин кишвар мусодира шуд.

Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Танҳо баъд аз судури ҳукми ин ду халабон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд.


Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ба озодӣ расидани халабонҳои рус метавонад боиси нармтар шудани мавқеъгирии Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик гардад. Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти рустаборони вилояти Хатлон, дар ин иртибот гуфт:

“Мавқеи давлати Русия нисбат ба муҳоҷирони кории кишвари мо ғайриодилона аст. Мардуми оддӣ набояд қурбони нофаҳмиҳои доираҳои сиёсии ду кишвар гарданд. Масалан, бо эҷоди мушкилоти сунъӣ барои муҳоҷирони тоҷик муносибати тоҷикон ё мақомоти маҳаллӣ ба сокинони рустабор дигар нашуд. Умедворам, ки бо бозгашти халабонҳо ба ватани худ, муносибати мақомоти Русия низ ба муҳоҷирони кории тоҷик ба самти мусбат тағйир меёбад.”
XS
SM
MD
LG