Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Пешков: "Ба лағви ҳукми Садовничий талош хоҳем кард"


Бинои вазорати умури хориҷии Русия
Бинои вазорати умури хориҷии Русия

Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, барои лағви ҳукми халабони рус талош хоҳанд кард.

Максим Пешков, раҳбари департаменти кишварҳои ИДМ дар вазорати умури хориҷии Русия имрӯз ба хабарнигорон гуфтааст, ба ин манзур як қатор иқдомотеро рӯи даст гирифтаанд. Вале ҷаноби Пешков аз тафсилоти бештар худдорӣ кардааст.

Ин мақоми русӣ ҳамчунин ақидаҳо дар бораи иваз кардани Владимир Садовничий-халабони рус бо Рустам Ҳукумов-шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои 9,5 соли зиндон дар Русия маҳкум шудааст, рад кард.

Максим Пешков
Максим Пешков
Максим Пешков гуфтааст, дар бораи чунин доду гирифт ба вазорат пешниҳоде нарасидааст. Пешков ҳамчунин гуфтааст, ки дар бораи раҳоии Рустам Ҳукумов аз зиндон хабаре дар ихтиёр надорад.

Халабонҳои ширкати “Ролкан” Алексей Руденко ва Владимир Садовничий баъди бозгашт аз Тоҷикистон гуфтаанд, парвандаи онҳо сохта буд ва ғасби ду ҳавопаймои Ан-72-ро ба ҳадаф дошт. Ширкати “Ролкан” гуфт, рӯзи ҷумъа аз 2,5 сол ҳукми зиндони халабонҳояш низ шикоят хоҳад бурд.

Додгоҳи Қӯрғонтеппа рӯзи 8 ноябр Руденко ва Садовничийро 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки боиси таниши тунде байни Маскаву Душанбе шуд. Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ ҳукми онҳоро то 2,5 сол пойин овард ва ҳардуро бар асоси қонуни афв озод кард. Аммо ҳарду ҳавопаймои АН-72-и ширкати “Ролкан” дар Тоҷикистон мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG