Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд 5 нафар ба ҳукми абад маҳкум шуданд


Додгоҳи вилояти Суғд 5 нафар аз дастандаркорони бамгузории интиҳории 3 сентябри соли 2010-ро ба ҳабси абад маҳкум кард. Фирдавс Каримов, Соҳиб Собитов, Исматулло Додоев, Зафар Каримов сокинони шаҳри Истаравшан, Акмал Ҳошимов-сокини ноҳияи Спитамен ба ҷурми даст доштан дар ҳамлаи интиҳории соли гузашта дар Хуҷанд муҷрим шинохта шудаанд. 48 нафари дигар дар робита бо ин ҳамла аз ҳашт то сӣ сол равонаи зиндон шудаанд. Ин дар ҳолест, ки Тамара Юсуфова, вакили мудофеи Илҳом Усмонов, як узви ин гурӯҳи 53-нафарӣ мегӯяд, қарори додгоҳ бе ширкати вакилони мудофеъ қироат шудааст ва бархе аз вакилони мудофеъ ҳатто дақиқ намедонанд, ки ҳукми нафари таҳти ҳимояташон чист. Ҳамлаи интиҳорӣ дар бинои бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Хуҷанд чаҳор кушта ва 28 захмӣ бар ҷой гузошта буд. Ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар қисмати шимолии кишвар рух дод.
XS
SM
MD
LG