Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуои Попи Рум дар ҳаққи кишварҳои гирифтори ҷаҳон


Попи Рум Бенедикти 16 дар ниёиши суннатии худ дар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ аз эътиқодмандон хост, дар ин дунёи бесарусомон ҷӯёи “ваҳдати рӯҳонӣ” бошанд. Ниёиши Попи Рум аз калисои Питери муқаддас аз Ватикан, ба 65 забон аз ҷумла арабиву яҳудиву ҳиндӣ садо дод ва аз тариқи телевизиону радиоҳои 60 кишвар пахш шуд. Пешвои рӯҳонии бештар аз як миллиарду 100 миллион нафар католикҳои ҷаҳон дар ниёши худ аз гӯшаҳои гирифтори дунё ёд кард ва хостори садо баланд кардан ба хотири “онҳое шуд, ки ба додашон касе намерасад”. Бенедикти 16 аз Худо хост, ба мардуми кишвари Шохи Африқо, ки аз гуруснагиву камбуди ғизо ранҷ мекашанд, кӯмак кунад. Попи Рум дуо кард, ки муколама миёни Исроилу Фаластиниён аз сар гирифта шавад ва хушунат дар Сурия хотима ёбад. Бенедикти 16 ҳамчунин барои “оштии миллӣ ва субот” дар Афғонистону Ироқ ва муколамаву ҳамкорӣ бо Мянмар дуо кард.
XS
SM
MD
LG