Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Русия


Дар шаҳрҳои шарқии Русия имрӯз бо даъвати аҳзоби мухолифи давлат, ба нишони эътироз аз шеваи баргузории интихоботи аввали ҳамин моҳ, тазоҳуроти эътирозӣ сурат мегирад. Бахши Ҳизби Коммунист дар шаҳри Хабаровск гуфт, дар майдони Комсомоли ин шаҳр тақрибан 400 нафар ҷамъ омада ва норизоиятии худро аз интихобот баён кардаанд, ки дар он Ҳизби Русияи Воҳиди нахуствазир Владимир Путин пирӯз омад ва аксари курсиҳои Думаи Давлатӣ ва ё палатаи поёнии порлумони Русияро аз они худ кард. Вале Олга Мироненко, сухангӯи пулиси Хабаровск, гуфтааст, тазоҳургарон аз 40 нафар бештар набуданд. Дар шаҳри Барнаул, пулиси Русия чанде аз тазоҳургарон, аз ҷумла Сергей Мамаев, узви собиқи маҷлиси шаҳриро боздошт кардааст. Ба гуфтаи баргузоркунандагони тазоҳуроти “Барои интихоботи одилона” дар Барнаул, дар ин шаҳр аз 200 то 300 нафар ба тазоҳурот баромадаанд. Аҳзоби мухолифи давлати Русия даҳҳо ҳазор аз тарафдорони худро имрӯз ба намоишҳои эътирозӣ даъват карда буданд.
XS
SM
MD
LG