Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ваҳдат бародарон Тураҷонзодаҳоро ҷарима баст


Нуриддин Тураҷонзода дар масҷиди "Муҳаммадия"
Нуриддин Тураҷонзода дар масҷиди "Муҳаммадия"
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат бародарон Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаҳоро барои носазо гуфтан дар ҳаққи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Сайидмукардам Абдулқодирзода ба маблағи умумии 700 сомонӣ ҷарима кард.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, намозгузорони масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат рӯзи ҷумъаи 9 декабр зимни ворид шудани намояндагони ҳукумат ва муфтии Тоҷикистон нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ зоҳир карда ва муассисони масҷид, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳастанд, аз ин амали пайравони худ ҷилавгирӣ накардаанд ва зиёда аз ин дар ҳаққи раиси Шӯрои уламо носазо гуфтанд.

Додситонии ноҳияи Ваҳдат дар ҷараёни тафтиши ин парванда Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародараш Ҳоҷӣ Акбарро ду бор мавриди бозпурсӣ қарор дод.

Дар навбати худ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ аз болои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз болои раиси шаҳри Ваҳдат, раиси Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламо ба Додситонии кул шикоят бурдааст. Қарор аст, ки нахустин бозрасӣ аз рӯи ин парванда дар ноҳияи Сомонӣ ба зудӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG