Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Қазоқистон дар ИМА: "Ин видео таҳқиқ мешавад"


Сафири Қазоқистон дар Иёлоти Муттаҳида видеоеро, ки дар шабакаи Ютюб нашр шуда, тирандозӣ ба тазоҳуркунандагони дар ҳоли фирор дар Жанаозенро нишон медиҳад, “такондиҳанда” номид. Эрлан Идрисов, ки дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон ба ҳамин пурсиши Радиои Озодӣ посух медод, гуфт, ҳукуматаш ин рӯйдодро тақҳиқ мекунад.

"Ин тасвирҳои видеоӣ, албатта, такондиҳандаанд. Ман дар ин бора ягон чизи мушаххас гуфта наметавонам – чӣ гуна ин иттифоқ афтод, кӣ ин видеоро ба навор гирифт ва ғайра ва ҳоказо. Ин мавзӯи баҳси коршиносон аст. Воқеа рӯзи 16-ум ба вуқӯъ пайваст ва ин видео аз рӯзи 21-ум аст. Аммо як чиз мусаллам аст, ки ҳукумат дар сатҳи хеле баландаш аз ин пӯшиш огоҳ аст ва итминон додааст, ки ин ва фактҳои монанди ин мӯшикофона тафтиш хоҳанд шуд.”

Сафир Идрисов афзуд, агар ин видео исбот шавад, ки ҳақиқист, адл барқарор хоҳад шуд. Ошӯб дар Жанаозен рӯзи 16-уми декабр замоне шурӯъ шуд, ки коргарони мӯътаризи ширкати нафт дар идгоҳи истиқлолият бо полис бархӯрд карданд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, 14 нафар дар ин хушунатҳои кушта ва 80 тан захмӣ шудаанд. Вале тазоҳуркунандагон гуфтаанд, шумори кушташудагон ба маротиб бештар аст.
XS
SM
MD
LG