Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Обама ба таҳқиқи шикояти мухолифони Русия


Руасои ҷумҳури ИМА ва Русия дар мавриди интихоботи ҷанҷолбарангези Думаи давлатии Русия бо якдигар телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Кохи Сафед хабар дод, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар як тамоси телефонӣ бо Дмитрий Медведев, ҳамтои руси худ гузоришҳо дар мавриди интихоботи муноқишабарангези парлумонии Русияро мавриди баҳс қарор додаанд.

Бино бар баёнияи Кохи Сафед, Обама аз Медведев хостааст, иттиҳомоти матраҳшуда дар хусуси тақаллуботи эҳтимолӣ дар интихоботро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ҳамзамон Обама аз шеваи баррхӯрди мақомоти Маскав бо тазоҳуркунандагон, ки ба таври сулҳомез ва қонунмандона сурат гирифт, ситоиш кардааст.

Владимир Путин нахуствазири Русия ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳидаро ба таҳрики эътирозҳои пас аз интихоботӣ муттаҳам кард.

Ҳизби ҳокими «Русия воҳид», ки нахуствазир Владимир Путин раҳбарии онро дар даст дорад, дар интихоботи Думаи давлатӣ баранда эълон шуд.

Мухолифон давлати Русияро муттаҳам мекунанд, ки даст ба тақаллубкорӣ зада ва аз имкониятҳои молии давлат ба нафъи худ истифода бурдааст.

ЭЪТИРОЗҲОИ ПАСОИНТИХОБОТӢ ДАР РУСИЯРО ДАР НАВОРИ ЗЕР БУБИНЕД:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG