Ва асосан ширкатҳои наздик ба сарвазири Русия Владимир Путин осеб дидаанд.
Яке аз чунин ширкатҳо ширкати гази «Новатек» аст, ки ба Геннадий Тимченко, дӯсти наздик ва нафари мӯътамади сарвазири Русия, тааллуқ дорад. «Новатек» аз 4-уми декабр ба ин сӯ 10 дарсади қиматашро аз даст дода, бузургтарин қурбонии фурӯши пуршитоби саҳмияҳои ширкатҳои наздик ба Кремл шумурда мешавад.
Игор Николаев, мудири бахши таҳлилҳои стротегии ФБК мегӯяд, сармоядоронро шабаҳи ноамнии сиёсие, ки бар фазои Русия соя андохтааст, чунин нигарон мекунад: «Сармоягузорон вақте диданд, ки мардум бо чунин миқёси тақаллуб дар интихобот розӣ нестанд, инро ҳамчун як аломати манфӣ қабул карданд.»
Ба назари таҳлилгарон, Путин баъди интихобот эҳсоси заифӣ мекунад, ки ин метавонад Русияро ба масирҳои ғайри қобили пешбинӣ тела дода, сармоядоронеро, ки Путинро зомини суботи сиёсӣ медонистанд, сардаргум кунад. Сармоядорони зиёде аз тарси низоъе, ки метавонад байни нухбагони сиёсии Русия бархезад, дар пайи коҳиш додани асароти чунин ихтилоф барои дороиҳои худ уфтоданд. Дар натиҷа, баъди интихоботи Думаи давлатӣ қимати саҳом дар бозори асъори Маскав (ММВБ) беш аз 10 дарсад ва дар бозори бурси пойтахти Русия (МФБ) 13 фоиз пойин рафт.
Том Манди, стротеги аввали «Откритий Капитал» мегӯяд, уфти қиматҳо ҳатто ширкатҳои бузурге, чун «Газпром», «Сургутнефт» ва «Транснефт»-ро асобат кард, ин раванд, ба бовари ӯ, то замони рафъи бесуботӣ идома хоҳад ёфт: «Ба назари ман, дар кӯтоҳмуддат, дастикам то ду ҳафтаи дигар мавҷи ахбор ҳамчунон болои сари мо хоҳад рехт. Дар чунин шароит фикр накунам, ки мо шоҳиди ба Русия рехтани сармоя шавем. Ба назари ман, ин баръакс ба хуруҷи сармоя таҳрики бештар хоҳад дод. Шароит чунон нест, ки шумо рӯи сармоягузории дарозмуддат барои кор дар Русия бияндешад. Фикр мекунам, мо бояд қабл аз чунин коре ин давраи бесуботиро пушти сар кунем.»
Албатта, сармоядорон интизор надоранд, ки эътирозҳои пасоинтихоботӣ мунҷар ба суқути режими Путин шавад. Вале, ба ақидаи Игор Николаев, эътимоди сармоядорон асосан ба шеваи посухи мақомот ба ин эътирозҳо бастагӣ дорад ва агар давлат бо ироаи ҳаққи ширкати ягон номзади мустақил ва тадобири дигари амсоли ин ҷомиаро қаноат диҳад, шояд пеши роҳи уфти баъдии қимати саҳомро бигирад.
Мақомот талаби тазоҳуроти рӯзи 10 декабр ба лағви натоиҷи интихоботи Дума ва баргузории интихоботи ҷадидро радд карданд. Вале изҳори омодагии вазири собиқи молияи Русия Алексей Кудрин дар таъсиси ҳизби либералие, ки қишри ҷавони синфи миёнаро ҷалб карда тавонад, ва пешбарии номзадии миллиардер Михаил Прохоров ба интихоботи рӯзи 4 марти раёсати ин ҷумҳурӣ ҳокист, ки доманаи эътирозҳои бесобиқаи пасоинтихоботӣ доираҳои аз вусъати қудрати худ як андоза фориғболшудаи Кремлро таҳрик додааст, ки бо норизоияти мардум билохира коре бикунанд.
МИЛЛИОНЕРҲОИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ КАЙ ЗУҲУР МЕКУНАНД?
Албатта, тоҷирони тоҷик дар майдони тиҷорати бузурги Русия ҳанӯз ҷои по пайдо накардаанд ва ҳузури онҳо дар ин кишвар асосан дар марзи тиҷорати хурду миёна оғозу анҷом мешавад. Аммо агар ин раванди ноамнӣ дар Русия ҳамчунон идома кунад, ин ба тиҷорати соҳибкорони тоҷик дар ин кишвар чӣ таъсире метавонад дошта бошад?
Ва оё дар оянда тоҷирони тоҷик низ ба майдони тиҷоратҳои бузурги Русия роҳ хоҳанд ёфт, ё ба таъбири дигар, нахустин миллиардерҳои тоҷик дар Русия кай арзи ҳастӣ хоҳанд кард? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо Ҳокимшоҳи Муҳаббат, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав дар миён гузоштем. Вале нахустин суоле, ки аз оқои Муҳаббат кардем, пиромуни дурнамои раванди хуруҷи сармоя аз Русия буд:

Ба нокия билайнма батарейка харида натонистестам , и мардако уже айфон 13 14 мехаран . Тин ба тин сумота чам мекники кудакот гишна намонан. Ачиб коре шид у руз дар вакти пешвози Путин. Хамакаса дар гирди телевизор тамошо доштем ки фарзанди хурди мега падарчон ича кичояй ихе хушру Пури мева ? ! Гуфтм бачам ичара монанди бихишт кардан . Кудака аклша Бин - Падарчон Бад Путинам бихишт мерава ?! Хдм да хдм местм савол метиюм дар Кадом бихишт охи бачам зиндон бдай , одамдузди бдай , одамкуши бдай , шиканчаи бегунохон бдай , порахури бдай , авлодбози бдай , котилон ба обрую бечорагон душман бдай ?! ээээ ачаб давру замоне омадааст. Хакикат чун руз равшан АСТ , лекин одамхое боз пайдо мешаванд ки маккории худро истифода карда мардума фикрашро ба дигар тараф мебаранд ... Азизон кадри якдигар бидонед , То ба нодонию сарсони намонед.
Пантуркизм ба шакли мудернаш, яъне Туранизм аз нав авч гирифта истодааст, ин дафъа бо дастгирии абаркудратхои гарб. 1. Вакте ки галабаи ТОЧИКОН дар интихоботи навбатии Афгонистон маълум шуд, Туркия, Катар, Покистон бо ваъдаи он ки бар зидди ИРОН, ЧИН ва РУССИЯ дар вакти зарури истифода мешаванд, барои овардани Толибон бо хочагони гарби забон як карданд.
Марг ба додситони порахӯри эмонфурӯш. Ту фикр намекуни, ки ин гуфтаҳои ту ба ягон ақл рост намеояд ва гуфтаҳои туро ҳама дунё мехонанд ва нисбати миллату давлат чи фикр мекунанд?
Мухтарам точикони хамсоя (кормандони хифзи хукук) ба умеди зиндони карадани рузноманигорон фоидае нест! Чунки пагох даххо ва садхо Далеру Абдулоххо мебароянд. Шумо фикри имрузро кардед! Пагохро фикр надоред???????????
Додистони и нохияи Файзобод муфатишони шумо ранги фолбин ба падараш гуфтаанд, ки у чин дошт барои хамон худаша корд зад.... Кадом одам худашро 26 бор корд мезанад?? Ба ангишти даст ягон хор занад одам асаби мешад , кучоро хондаед муфатишони ман хайрон...., тафтишота соз гузаронен худаш малум мешад хеч вакт зан кудакошра гузошта худро ба ин кор даст намезанад, ба фикри ман ин худкуши не балки куштор аз тарафи хешовандони шавхарам мебошад ,.. Хайрият дар Япония нестен мегуфтен, ки харакири кард ин якудза буд.... Ба хешовандони фавтида сабру токат....