Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори шинохта дар Доғистон кушта шуд


Ҳоҷимурод Камолов
Ҳоҷимурод Камолов
Рӯзи ҷумъа дар Доғистон як марди мусаллаҳи номаълум рӯзноманигори номдори Доғистонро ҳадафи тир қарор дод. Ҳоҷимурод Камолов мудир ва муассиси ҳафтаномаи “Черновик” буд, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар назди дафтари нашрия дар Махачқалъа кушта шуд. Биякай Магомедов-сардабири нашрия гуфт, Камолов шахси нотарс буд:

“Ҳоҷимурод он қадр шахси ҷасур буд, ки баъд аз тир хӯрдан ва афтодан тавонистааст аз пои қотил бигирад ва талош кардааст вайро ба замин хобонад, вале қотил кори худро ба охир расондааст”.

Ҳафтаномаи “Черновик” дар бораи сӯистифодаи кормандони пулиси минтақа аз мақомашон гузориш ба табъ мерасонд.
XS
SM
MD
LG