Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия тарҳи қатънома алайҳи Сурияро тақсим кард


Давлати Русия пешнависи қатъномае алайҳи Сурияро барои баррасӣ дар миёни аъзои Шӯрои Амният тақсим кардааст, ки ҳадаф аз он хотима додан ба хунрезӣ дар он кишвар аст. Аммо кишварҳои ғарбӣ тарҳи пешниҳодиро сатхтгирона намедонанд, вале гуфтаанд, мойиланд барои қабули қатънома, ки саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарон аз тарафи режими Сурияро хотима диҳад, бо Русия музокира кунанд. Виталий Чуркин, сафири Амрико дар Созмони Милал гуфт, дар қатънома аз Сурия хоста шудааст, ба хушунатҳои 9 моҳа хотима диҳад, ки ба тахмини Созмони Милал 5 ҳазор кушта бар ҷой гузоштаанд. Аммо дар ин тарҳ ҳеҷ гуна таҳрим алайҳи Сурия пешбинӣ нашудааст. Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷии Амрико гуфт, агарчӣ бо тарҳи пешниҳодии Русияро чандон мувофиқ нест вале афзуд, Русия бори нахуст дарк кардааст, ки бояд масъалаи Сурия дар Шӯрои Амният баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG