Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доғи қатли Гонгадзеро аз домани Кучма шустанд


Леонид Кучма
Леонид Кучма
Додгоҳи Украина парвандаи зидди раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Леонид Кучма бо иттиҳоми даст доштан дар қатли журналист Ҳеорҳий Гонгадзеро лағв кард. Гонгадзе ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 2000 рабуда ва кушта шуд ва ҷасади бесари ӯро баъдан аз ҷангале дар наздикии Киев пайдо карданд. Қатли Гонгадзе, ки аз мунтақидони раҳбари вақти Украина Леонид Кучма буд, пурсарусадотарин қатл дар таърихи навини Украина хонда мешавад. Дар моҳи март додситони кулл алайҳи Кучмаи 72-сола парванда кушод. Кучма, ки аз соли 1994 то 2005 раисиҷумҳури Украина буд, ҳар навъ даст доштанаш дар қатли ин хабарнигорро рад мекард. Додгоҳи ноҳияи Печерскийи Киев имрӯз ифтитоҳи парванда аз сӯи додситониро ғайриқонунӣ ҳукм карда, иттиҳомоти алайҳи Кучмаро лағв кард.
XS
SM
MD
LG