Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳамлаи маргбор дар шаҳри Лежи Белгия


Мақомоти Белгия мегӯянд, як марди мусаллаҳ бо норинҷак ва туфанг дирӯз дар майдони марказии шаҳри Леж ба мардум ҳамла карда, чаҳор нафар, аз ҷумла худро кушт. Ҳудуди 75 тани дигар дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд. Ангезаҳои ин ҳамла ҳанӯз маълум нест, вале мақомоти Белгия гуфтанд, ки ин ҳамлаи терористӣ набудааст. Фарди мусаллаҳ Нуриддин Имронӣ, сокини 33 солаи шаҳри Леж будааст, ки ӯро соли 2008 ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ муттаҳам карданд. Даниел Рейндерс, додситони шаҳр гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки Нуриддин Имронӣ худкушӣ кардааст ва ё тасодуфан кушта шудааст. Хонум Рейндерс афзуд, Имрониро рӯзи сешанбе барои бозпурсӣ ба пулис даъват карда буданд.
XS
SM
MD
LG