Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии эшони Нуриддинҷон дар додситонӣ


Эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода
Эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода
Бино ба гузориши Тоҷнюс, рӯҳонии маъруф эшони Нуриддинҷони Тӯраҷонзода имрӯз дар додситонии шаҳри Ваҳдат таҳти бозпурсӣ қарор гирифтааст. Кумитаи дини Тоҷикистон дирӯз адои намозҳои ҷумъаро дар масҷиди Муҳаммадия, ки имоматиашро бародарон Тӯраҷонзодаҳо бар дӯш доштанд, барои 3 моҳ манъ кард. Ин иқдом ба дунболи моҷарои Тӯраҷонзодаҳо бо Шӯрои уламост, ки дар пайи баргузории расми ёдбуди солгарди қатли Имом Ҳусейн ин хонаводаро ба шиъагароӣ ва аъмоли хилофи мазҳаби Ҳанафӣ айбдор кард.
XS
SM
MD
LG