Куммиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай дар пайи баррасии вазъи Сурия бо аъзои Шӯрои Амният гуфт, дар ҷараёни ошӯбҳои Сурия беш аз 5000 нафар кушта шудаанд: «Ин дар воқеъ таккондиҳанда аст, чунки вақте ман рӯзи 18 август ба Шӯрои Амният гузориш медодам, дар бораи кушта шудани 2000 ғайринизомӣ гузориш додам, ва имрӯз хабар медиҳам, ки ин шумор аз 5 000 гузашт.» Хонум Пиллай афзуд, аз моҳи март ба ин сӯ дар Сурия дастикам 300 кӯдак кушта ва ҳазорони дигар зиндонӣ шудаанд. Ӯ аз Шӯрои Амният хост, то қазияи Сурияро ба хотири таҳқиқи мавридҳои эҳтимолии ҷиноёт алайҳи башарият ба Додгоҳи байналмилалӣ супорад. Моҳе пеш Русияву Чин рӯи қатъномаи Шӯрои Амният, ки хунрезиҳои Сурияро маҳкум мекард, вето гузоштанд.