Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз кашфи як майдони азими газ хабар дод


Рустам Қосимӣ, вазири нафти Эрон, гуфт, дар бистари Баҳри Хазар як майдони бузурги газро кашф кардаанд. Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ин майдон дар қаламравҳои обии Эрон ва дар умқи 700-метрии Баҳри Хазар воқеъ шудааст ва тақрибан 50 триллион метри мукааб гази табиӣ дорад. Ба гуфтаи Рустам Қосимӣ, Эрон ба истиснои майдони нав, дар Баҳри Хазар 11 триллион метри мукааб захираҳои собитшудаи газ дорад. Эрон аз назари захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон баъд аз Русия дар мақоми дуввум ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG