Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба интихоботи такрорӣ розӣ нест


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, вай ба дархостҳо дар бораи баргузории интихоботи такрории порламонӣ розӣ нест. Ин тақозо дар ҷараёни тазоҳуроти эътрозии саросари Русия садо дод. Дар ин интихобот бо бартарии ночиз ҳизби ҳокими “Единая Россия” пирӯз шуд, вале ин ақидаҳо вуҷуд дорад, ки дар натиҷагирӣ аз интихобот ба такқаллуб роҳ додаанд. 10-декабр танҳо дар Маскав даҳҳо ҳазор гирдиҳам омаданд ва ба ҷуз аз баргузории интихоботи такрорӣ раҳоии мухолифони боздоштшударо низ тақозо карданд. Имрӯз дар маркази Маскав 300 нафар миллатгароён раҳпаймоӣ анҷом доданд ва тақозо карданд, ки русҳо дар ҳаёти сисёии Русия бояд нақши қаввӣ дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG