Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазирони НАТО ва Русия бенатиҷа ба поён расид


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Андрес фоғ Расмуссен гуфт, НАТО нигарониҳои Русияро дар мавриди сипари зиддимушакии НАТО дар Аврупо нодида нагирифтааст. Баъд аз дидори вазирони умури хориҷии НАТО ва Русия дар Бруссел Расмуссен гуфт, “тафовутҳо боқӣ мемонанд, аммо ҳарду тараф омода ба идомаи муколама аст”:

"Ин шабака ба Русия таҳдид намекунад ва ҳам тавозуни стратегиро ба ҳам намезанад. Қаламрави Русия низ зери хатарҳоест, ки мо бо онҳо рӯбарӯем. Хуб аст, дар муқобили онҳо бо якдигар ҳамкорӣ кунем."

Масъалаи сипари зиддимушакии НАТО дар як саф бо ҳамкориҳои дуҷониба дар сафари раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Чех низ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG