Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ барои табобат ба Дубай рафтааст


Осифалӣ Зардорӣ
Осифалӣ Зардорӣ
Дафтари раисиҷумҳури Покистон гуфт, Осифалӣ Зардорӣ барои санҷишҳои маъмулии тиббӣ ба Дубай рафтааст. Сухангӯи ӯ Фарҳатуллоҳ Бобур гуфт, Зардорӣ ба манзури санҷишҳои тиббӣ ва тафтиши нақшавӣ дар бемористони Дубай қарор дошта, гузоришҳо дар бораи эҳтимоли истеъфои ӯ «нодуруст, бофта ва шоеъаянд.»
Матбуоти давлатӣ аз қавли табиби президент гуфт, ин санҷишҳо ба ташхиси қаблии вазъи қалби ӯ бастагӣ дорад. Аммо вазири ҳуқуқи инсони Покистон Мустафо Хокар ба Франс Пресс гуфтааст, ки Зардорӣ дучори сактаи хурди қалбӣ шуда, вале вазъаш феълан хуб аст ва алакай рӯзи панҷшанбе ба Исломобод бар хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG