Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомид Карзай сафараш ба Бритониёро лағв кард


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, баъд аз хабари таркишҳо дар Кобулу Мазори Шариф сафараш ба Бритониёро лағв кард ва ба Кобул баргашт.

Дирӯз дар Кобул як маргталаб худро дар миёни зойирини шиамазҳаб, ки дар маросими Ошуро ширкат мекарданд, тарконид ва бар асари ин 54 нафар кушта ва беш аз 130 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳамин гуна ҳодиса дар канори як масҷиди шиаҳо дар шаҳри Мазори Шариф чаҳор нафар кушта шуданд.

Дар маросими Ошӯро, ки ба рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам рост меояд, мусалмонҳои шиамазҳаб дар сӯгвории имом Ҳусейн, набераи паёмабари ислом Муҳаммади мустафо менишинанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи ифтрогарои «Лашкари Ҷангӣ ал-Аламӣ», ки дар Покистон мустақар аст, бар дӯш гирифт.

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамлаҳо дар Афғонистонро шадидан маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG