Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ хостори қатъи бегонаситезӣ дар қаламрави САҲА шуд


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ
Имрӯз дар шаҳри Вилнюс-пойтахти Литва 18-ӯмин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви САҲА баргузор шуд. Ин ҷаласа пагоҳ низ кори худро идома медиҳад. Дар ин ҷаласа Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ ширкат ва суханронӣ кард.
Дар ин суханронӣ оқои Зарифӣ бар зарурати таҳкими нақши САҲА-ро ба унвони созмони муътабари байналмиллалӣ таъкид кард.

Вай фоҷеаи баҳри Аралро бадтарини фоҷеаи зистмуҳитӣ дар ҷаҳон номид ва онро намунаи сиёсати тахрибгари истифодаи об арзёбӣ кард, ки аз фаъолияти беш аз ҳадди иқтисодии инсон бармеояд. Ба ақидаи оқои Зарифӣ, ин мушкилро метавон танҳо аз роҳи талошҳои муштарак ва тағири бархӯрдҳои кӯҳна паси сар намуд.

Оқои Зарифӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон дорои манобеи зиёди энержист, вале ҳамоно аз камбуди энержӣ дар мавсими зимистон заҷр мекашад.

Дар ин суханронӣ оқои Зарифӣ аз барномаҳои САҲА роҷеъ ба марзҳои Тоҷикистон истиқбол кард ва аз ҷомеаи байналмиллалӣ хост, ки баъд аз соли 2014 низ дар рушди Афғонистон ва таъмини амнияти ин кишвар саҳм бигиранд. Вай дар ин замина хостори таҳияи тарҳи ҳамаҷонибаи бозсозӣ ва рушди Афғонистон бо ширкати ҳамаи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо ширкати Тоҷикистон шуд.

Бо назардошти боқӣ мондани хатари таркиши минаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вазири хориҷаи Тоҷикистон изҳори умед кард, ки ба зудӣ дар шаҳри Душанбе дафтари минтақавии Шӯрои ҳамоҳангсози зидди минаҳои САҲА гушоиш ёбад.

Муҳоҷирати корӣ ба рушди иқтисодӣ ва боло бурадни сатҳи зиндагии мардум кӯмак мекунад. Бо назардошти ин нукта дар суханронии вазири хориҷаи Тоҷикистон ёдоварӣ шуд, ки САҲА дар таҳияи механизмҳои муассири сиёсати муҳоҷират роҷеъ ба ҳимояти ҳуқуқии муҳоҷирон ва муколамаи миёни кишварҳои содиркунандаи муҳоҷир ва кишвари қабулкунанда ба кишварҳои узви САҲА кӯмак кунад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, Тоҷикистон чун дар гузашта ҷонибдори фаъолияти пурсамари САҲА барои ҳифзи ҳуқуқи инсон аст ва мехоҳад ин созмон дар қаламрави кишварҳои узв ба падидаҳои рӯзафзуни ксенафобия ё бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ вокуниш нишон диҳад. Оқои Зарифӣ гуфт, набояд фаъолияти гурӯҳҳои тундрав ва миллатгароёни нав нодида гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG