Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Муҳаббат Ҷӯраева дар Хуҷанд оғоз шуд


Муҳаббат Ҷӯраева
Муҳаббат Ҷӯраева
Рӯзи сешанбе дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Муҳаббат Ҷӯраева-муассиси нахустин додгоҳи ҳакамӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Ҷӯраева раиси додгоҳи ҳакамии вилояти Суғд аст ва барои сӯистифода аз мақом гунаҳгор дониста мешавад. Дар догоҳи ҳакамӣ маъмулан намояндагони муътабар аз дохили мардум масъалаҳои баҳсангез ва муноқишаҳоро баррасӣ мекунанд ва ҷонибҳоро ба мусолиҳа меоранд. Додгоҳи ҳакамӣ ҳақи содир кардани ҳукмро надорад. 30 декабри соли 2010 кормандони ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд бар зидди Ҷӯраева парванда боз карданд. Вале Ҷӯраева иттиҳмотро дар бораи суистифода аз мақом қабул надорад ва мегӯяд, парвандаи вай фармоишист.
XS
SM
MD
LG