Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба сомонаҳои мустақил дар Русия


Ин сайт низ дигар кор намекунад
Ин сайт низ дигар кор намекунад
Ҳакерҳо дар рӯзи интихоботи парлумонии Русия ба чандин сомонаи русӣ дар Интернет ҳамла кардаанд. Асосан сомонаҳое, ки дар бораи ҷараёни интихобот гузоришҳои мустақил медоданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифта, аз кор мондани онҳо матбуоти таҳти назорати давлати Русияро ба яке аз манобеъи умдаи ахбор дар бораи ҷараёни раъйгирии 4 декабр табдил медиҳад.
Бар асари ҳамлаи ҳакерҳо сомонаи “Голос” – яке аз созмонҳое, ки дар бораи мавориди тахаллуфоти интихоботӣ гузориш медод, ҳамчунин вебсайтҳои расонаҳои “Эхо Москви”, “Новое время”, “Болшой город”, slon.ru, publicpost.ru ва ҳам сомонае, ки бо айни ном харитаи тахалллуфоти интихоботиро нашр мекард, аз кор мондааст. Сомонаи бахши русии Радиои Озодӣ то зӯҳри 4 декабр зоҳиран фақат ба шарофати барномаи қавии зиддиҳакериаш фаъол боқӣ монда буд.
XS
SM
MD
LG