Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози анҷумани ҳизби сотсиал-демократ


Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров
Имрӯз дар Душанбе анҷумани 12-уми ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон оғоз ба кор кард. Аммо ба хабарнигорон иҷозаи ширкат дар кори ин анҷуманро надодаанд. Қарор аст, дар анҷумани ин ташаккули мухолифи давлати Тоҷикистон барномаи кори сотсиал-демократҳо барои 4 соли оянда ва Оинномаи нави ҳизб баррасӣ ва тасвиб шавад. Масъалаи дигари интихоби раҳбарияти нави ҳизб аст. Раҳбари сотсиал-демократҳо аз замони ташкили ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров мебошад. Масъулини ҳизб шумори аъзояшро то 7000 нафар мегӯянд, аммо ҳизби сотсиал-демократ то ҳол натавонистааст дар интихоботҳо садди 5-дарсадиро убур карда, вакилони худро ба парлумони Тоҷикистон ворид кунад.
XS
SM
MD
LG