Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ вазъи Сурияро баррасӣ мекунад


Навӣ Пиллай
Имрӯз Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Женева дар робита ба авзоъ дар Сурия нишасти изтирорӣ доир мекунад. Авоили ҳамин ҳафта гузориши комиссиюни мустақили Созмони Милал нашр шуд, ки дар он нерӯҳои амниятии Сурия дар ҷиноёт алайҳи башарият, аз ҷумла, куштор, шиканҷа ва таҷовуз ба номус айбдор шудаанд.

Дар арафаи нишасти Женева раиси ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай изҳор намуд, ки дар ҳашт моҳи тазоҳурот бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад беш аз чаҳор ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дирӯз ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуданд, ки алайҳи Димишқ таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд то мақомоти Сурияро барои қатъи саркӯбсозии тазоҳургарон водор созад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG