Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико зимни нахустин боздидаш аз Мянмар имрӯз гуфт, аз тағйироти ахир дар сиёсатҳои ин кишвари воқеъ дар Ҷанубушарқи Осиё “дилгарм” шудааст. Тейн Сейн, раиси ҷумҳури Мянмар, дар мулоқот бо Ҳилларӣ Клинтон дар шаҳри Найпидав, гуфт, боздиди хонум Клинтон “марҳилаи наверо” дар ҳамкориҳои ду кишвар боз мекунад. Тайи 50 соли ахир ҳеҷ яке аз вазирони умури хориҷии Амрико ба Мянмар сафар накарда буд, ки онро низомиён идора мекарданд ва танҳо соли гузашта, ба навъе зимоми умурро ба ҳукумати ғайринизомӣ доданд, аммо нуфузи низомиён дар ҳукумат ҳамчунон барҷой аст. Ҳилларӣ Клинтон имрӯз ба шаҳри Янгон меравад ва қарор аст бо Сан Су Чӣ, раҳбари мухолифин ва барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел гуфтӯгу кунад.