Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз таққалуб дар интихоботи Осетияи Ҷанубӣ


Садҳо тан аз тарафдорони пешсафи интихоботи раёсати ҷумҳури Осетияи Ҷанубӣ аз бими таққалуб дар натиҷаҳои интихобот дар баробари қароргоҳи Кумиссиёни Марказии Интихобот ҷамъ меоянд. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотӣ, ки дирӯз нашр шуд, Алла Ҷиёева, 56 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва ғайриинтизор Анатолий Бибилов, номзади мавриди ҳимояти Русияро пеш гузаштааст, ки ӯ танҳо 40 дар сади ороро соҳиб шудааст. Баъди ин Додгоҳи олии Осетияи Ҷанубӣ нашри натиҷаҳоро мамнӯъ кард ва нигарониҳоро барангехт, ки додгоҳ Алла Ҷиёеваро аз пирӯзӣ маҳрум хоҳад кард. Осетияи Ҷанубӣ дар соли 1990 баъди ҷанге аз Гурҷистон худро ҷудо эълом кард ва соли 2008 Русияро пас аз ҷанги кӯтоҳе бо Тифлис онро ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG