Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров мегӯяд, таҳдид ба Сурияро бас кунед


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, имрӯз даъватҳо барои таҳрими байналмилалии фурӯши силоҳ ба Сурияро рад кард ва гуфт, ҷомеаи байналмилал бояд ба таҳдидҳо ба Димишқ хотима диҳад. Пештар аз ин Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо аз Шӯрои Амният хостанд, барои саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия алайҳи режими Башшор Асад чора биандешад. Рӯзи душанбе, Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, нерӯҳои давлатии Сурия зимни саркӯби тазоҳурот, ҷиноят алайҳи башарият, бо шумули қатлу таҷовуз ба номус содир кардаанд ва амри онро ҳам аз болотарин сатҳ дар ҳукумати Сурия гирифтаанд. Иттиҳодияи Араб барои ин хушунатҳо алайҳи Сурия таҳрим эъмол кардааст. Созмони Милал мегӯяд, сар аз моҳи март то кунун дарт ҷараёни тазоҳуротҳои зиддидавлатии Сурия бештар аз 3500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG