Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз интихоботи Миср истиқбол кард


Марк Тонер
Марк Тонер
Амрико аз оғози интихоботи порламонии Миср истиқбол кард ва гуфт, райдиҳӣ сулҳомез будааст ва дар он шумораи зиёди мардум ширкат меҷӯянд. Райдиҳӣ дирӯз низ давом кард. Ин нахустин интихобот баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак аз сари қудрат аст. Вай моҳи феврал бар асари фишори тазоҳуркунандагон аз мақомаш истеъфо дод. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар Миср 40 миллион нафар аҳолии қобили рай ҳисоб шудааст. Дар остонаи ин интихобот бар зидди Шӯрои Низомии кишвар, ки ҳоло раҳбарии Мисрро дар ихтиёр дорад, тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд ва дар давоми тақрибан даҳ рӯзи эътирозҳо бештар аз 40 нафар кушта шуд. Тазоҳуркунандагон тақозо доранд, ки Шӯрои Низомӣ ҳокимиятро ба ҳукумати ғайринизомӣ диҳад. Марк Тонер-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи душанбе гуфт, бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ аз ҷониби нозирони мустақили амрикоӣ интихобот хуб пеш меравад.
XS
SM
MD
LG